Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 феврали соли ҷорӣ Фестивали филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷопон дар кинотеатри «Ҷавонон» - и шаҳри Душанбе соатҳои 11: 00 ва 14:00 сурат мегирад.
«Дар фестивали имсола, филмҳои «Ишқи Набби», «Парвози такдир», «Маруқо пақана» ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар онҳо мавзуъҳои мухталифи ҳаёти навини ин кишвар кисса мешавад.», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки даромад барои тамошои филмҳо ройгон буда, тасмими баргузории фестивали мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ гирифта шудааст.
Мақсад аз намоиши филмҳои ҷопонӣ муаррифии санъати киноофарӣ ва фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон аст. Дар соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ», намоиши филмҳои Ҷопони баргузор шуда буд, ки дар он филмҳои коргардони ҷопонӣ Масахико Махино «Боғи ҳайвоноти Асахияма- пингвин дар ҳаво» , «Сайдгирони овозҳои фаромӯшшуда» - коргардон Синкаи Макото, «Духтари аз вақт ҷаҳида»- и коргардон Мамору Хосода ва «Миёри ҷангали сеҳрнок» - и коргардон Нидзо Ямамото ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар фестивалҳои қаблӣ ҳаводорони тоҷкистони тавонистанд филмҳои «Хоби шаби тобистон», «Завҷаи Вийона» ва «Меҳмонсаройи Гибискус» - ро тамошо кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста