Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ансамбли «Мақомхонони наврас» эҳё гашт.
Тавре ба Хабаргузории «Азия Плюс» аз шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, ҳайати ҳунарии мақомхононро овозхонони ҷавони кулли шаҳр ташкил дода, роҳбарии ин гурӯҳро номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов ба ӯҳда дорад.
«Мақсад аз таъсиси дубораи ин ансамбл омӯзиши амиқи ҳунарҳои бостонӣ ба насли наврас аст. Ин ансамбл давоми бист соли охир фаъолият намекард, чун вазъи мусоид барои фаъолият надошт. Айни ҳол таҳти ин ансамбл мақомсароёни боистеъдод мутаҳҳид гардидаанд ва ба онҳо нозукиҳои мақомсарои омӯзонида мешаванд» - илова кард манбаъ. Зикр гардид, ки ҳайати ҳунарии ансамбл, ки иборат аз 9 нафар наврас аст, тариқи озмун ба узвияти ансамб пазируфта шудаанд. Барои шомилсозии узвҳои нав хоҳишмандон метавонанд дар озмун ширакт кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста