Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисорро баргузор намуд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳияи Ҳисор оид ба саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти пешбинишуда, беҳдошти шабакаҳои обу корезӣ, фароҳам овардани шароити зарурии таъминоти обӣ нӯшокӣ ва нерӯи барқ дастур супоришҳои мушаххас дод.
«Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки дар фурсати кӯтоҳ барои дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид кардани мавзеъҳои таърихии Ҳисор ва дар доираи чорабиниҳои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таҷлил кардани ҷашни 3000-солагии он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд», - зикр кард манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста