Рӯзи 16-уми апрел дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии IV-умин Фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор шуд, ки то 22-юми апрел идома меёбад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков зикр кард, ки робитаҳои фарҳангӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо мусоидат мекунанд. «Соли чорум аст, ки фестивал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар ин муддат театрҳои лӯхтаки қариб ҳамаи кишварҳои дунё ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд», - иброз дошт ӯ.
Коргардони театри «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Иззатулло Сафаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имсол шумори театрҳои дар фестивал иштирокдошта аз 8 то ба 10-то афзуд, ки «бешубҳа бозгӯи таваҷҷуҳ ба ин чорабинӣ аст».
Қобили зикр аст, ки дар фестивали мазкур спектаклҳои театрҳои лӯхтаки 10 кишвари дунё – Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Тоҷикистонро дар фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкаловски вилояти Суғд намояндагӣ мекунад.
Ҳамчунин дар доираи кори фестивал санаи 19-уми апрел таҳти унвони «Мушкилоти театрҳои лӯхтак» конфронс доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста