Ахири моҳи май Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, маросими расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон санаи 26-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин айнӣ доир мегардад. Оркестри миллии симфонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии дирижёр, дорандаи ҷоизаҳои озмунҳои байнулмилалӣ Сергей Кондрашов ба тамошобинон консерт медиҳанд. Дар фойеи театр намоишгоҳи аксҳо пешкаш мегардад.
«Ҳайати Русия аз 45 нафар мусиқачиёну ҳунармандони театр, сарояндагони опера ва дигар иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ иборат хоҳад буд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми май ҳайати Русия ба дараи Варзоб сафар мекунад. Худи ҳамон рӯз дар Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов вохӯрии эҷодӣ ва машғулиятҳои касбии ҳунармандони тоҷику рус барпо мегардад. Пас аз ин дар Театри давлатии драмавии ба номи В.Маяковский намоишномаи дипломии спектакли «Лес» (Ҷангал) аз рӯи асари А.Островский дар иҷрои донишҷӯёни факултаи актёрии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов (ВГИК) баргузор мешавад.
Рӯзи 28-уми май меҳмонон аз шаҳри Норак боздид намуда, бо китобхонаи «Дӯстии халқҳо» аз наздик ошно мегарданд ва композитсияи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватаниро тамошо мекунанд. Онҳо ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон, боғи ботаникӣ ва дигар макони тамошобоби шаҳри Душанбе низ ташриф меоранд.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 29-уми май дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти хотимавӣ барпо мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста