Овозхони маъруфи тоҷик Парвизи Назаров, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад, ба Ҷоизаи III-уми мусиқии Авруосиё – ЕМА-2014 пешбарӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи ЕМА, барои соҳибият ба ин ҷоиза ҳудуди 100 нафар сарояндагон аз рӯи 10 номинатсия пешбарӣ шудаанд.
Парвиз Назаров бо суруди «Оре, Оре» бо забони тоҷикӣ ба номинатсияи «Беҳтарин клипи видеойӣ» ва бо суруди «Снег» бо забони русӣ ба номинатсияи «Беҳтарин сароянда» пешбарӣ гардидааст. Дар ин ду номинатсия ҳамроҳи ӯ беш аз 20 нафар сарояндагон рақобат мекунанд.
Клипи сурудуи «Оре, Оре» соли 2013 дар Дубай наворбардорӣ шуда, суруди «Снег» эҷоди комилан нави Парвиз Назаров аст, ки соли 2014 сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 1-уми майи соли 2014 дар сомонаи ЕМА расман овоздиҳӣ ба довталабони ҷоиза оғоз гардида, натиҷаҳои он 20-уми сентябри соли 2014 дар маросими тақдими ҷоизаҳои III-уми мусиқии Авруосиё – ЕМА-2014 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато эълон карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта пас аз хомӯшии чаҳорсола овозхони маъруфи тоҷик Парвиз Назаров таҳти унвони «Золотые облака» (Абрҳои тиллоӣ) ва «Буду с тобой» (Бо ту хоҳам буд) ду албоми (маҷмӯаи сурудҳо) нави худро пешкаши ҳаводоронаш намуд.
Худи овозхон эътироф карда буд, ки маҷмӯаи ахири сурудҳои худро ҳанӯз соли 2009 таҳия намуда, аз соли 2010 то имсол ҳудуди 40 сурудаш гирдоварӣ шудаанд, ки онҳоро ӯ ба ду албом тақсим кардааст.
Парвиз Назаров соли 1971 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва дар ҳамин ҷо ба воя расидааст. Соли 1993 ӯ ба Алмаато кӯчида, то ҳанӯз дар ин шаҳр фаъолияти эҷодии худро идома медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста