Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале бо сифати дигар. Акнун ин бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба оғози фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав оғози расмӣ бахшид.
Қобили зикр аст, ки бинои кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе солҳои зиёд бекор хобида, ба ҳолати ногувор омада буд. Умри дубора пайдо намудан ва ба театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун туҳфа шудани он боиси шоди нишот ва сипосу қадрдонии аҳли эҷоди ин коллективи овозадор гардид.
Сарвари давлат намояндагони сершумори аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро, ки ба ин муносибат дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳам бо арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад.
Гуфта мешавад, санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки аксари кулли коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд, басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ба тамоми талаботи театрӣ мутобиқ намудани ин бино ба роҳбарияти он кумак мерасонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста