Бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Афзалшо Султонович ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев» таъин карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар дода мешавад. Дар ин мансаб ӯ Сайбухорӣ Маҷидовро иваз кард.
Афзалшо Шодиев соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол ба Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад. Соли 1983 пас аз хатми донишкада дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ менамояд.
Афзалшо Шодиев дорандаи Ҷоизаи ба номи комсомоли ленинӣ (соли 1989), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1993) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 2008) аст.
Ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи «Семирамида-2000» дар Ироқ ва Ҷоизаҳои гуногун дар ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Эрон ва Яман низ мебошад.
Мохи феврали соли 2013 барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назарраси касбӣ Афзалшо Шодиев ба мукофоти байнулмилалии «INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста