Имрӯз дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, қабл аз маросими ифтитоҳ дар фойеи театр намоиши санъати тасвирӣ, аккосӣ ва ҳунарҳои мардумии Туркманистон доир мегардад. «Ҳайати Туркманистон таҳти раҳбарии директори Маркази давлатии фарҳанги ин кишвар Керимгули Гаровов аз 60 нафар иборат аст, ки ба он кормандони Вазорати фарҳанги Туркманистон, мусиқачиён, ҳунармандони театр, сароянагони опера ва дигар намояндагони аҳли ҳунару фарҳанги ин кишвар шомиланд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, санаи 5-уми август сафари ҳайати Туркманистон ба шаҳри Ваҳдат дар назар буда, дар он ҷо консерти ҳунармандони туркман баргузор мешавад ва сипас меҳмонон аз дараи хушманзари Ромит боздид мекунанд.
Рӯзи 6-уми август меҳмонон аз Туркманистон дар боғҳои Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сайругашт мекунанд ва шоми ҳамон рӯз дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи хотимавии ҳунармандони Тоҷикистону Туркманистон барпо мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста