Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии пойтахт аксияи «Биёед китоб мехонем» доир гардида, дар ҷараёни он беш аз 1000 нусха асарҳои бадеӣ миёни ҷавонон тақсим карда шуд.
Роҳбари маркази таҳлили Кумитаи мазкур Ҷалолиддин Нуров ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом ба хотири тарғиби китобхонӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон пеш гирифта шудааст.
«Мутолиаи китоб ба шахс донишу ғизои маънавӣ дода, ӯро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия мекунад, вале имрӯз дар робита бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ коҳиш ёфтааст, ки метавонад ба дастнорасии як қисмати ҷомеа ба дониш боис гардад», - иброз дошт ӯ.
Раиси Куммтаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Рустам Абдуллозода дар навбати худ зикр кард, ки хоҳишмандони китобҳоро метавонанд ба шуъбаҳои кумитаи ҷавонон дар маҳалҳо супоранд ва китобҳои ҷамъоваришуда ба китобхонаҳои ноҳияҳои дурдаст, муассисаҳои ислоҳӣ ва қисмҳои низомии кишвар фиристода мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста