Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи кории мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербургро таҳти раҳбарии сардори Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Дмитрий Черненко ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев ба раиси шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко барои ташкили сафари гурӯҳи корӣ ба Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии мақомоти пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.
«Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти шаҳрдории ҳарду ҷониб дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, омӯзиши забони русӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва ғайра низ матраҳ гардиданд», - қайд кард Саидов.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ташкили корҳои омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги пойтахти шимолии Русия дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста