Бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби сару либос аз матои табиӣ, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон, ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд санаи 26-уми сентябри соли равон озмуни шаҳрии «Адрас ва атласи Хуҷанд-2014» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, тибқи қарор Низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои озмун ва чорабинӣ тасдиқ карда шуда, шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти шаҳр якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ вазифадор карда шуданд, ки силсилаи чорабиниҳоро ташкил намуда, барои тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ, замонавӣ ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои шаҳрии Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014» тадбирҳои мушаххас андешанд.
Гуфта мешавад, барои дар сатҳи хуб ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ ҳайати кумитаи тадорукот иборат аз 16 нафар ташкил карда шуда, Умеда Муродова муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарии кумитаи тадорукотро ба зимма дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста