Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2014, ки ба «Рӯзи китоб» бахшида шуда буд, баргузор гашт.
Бино ба маълумоти МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати мазкур, чорабиниро нахуст муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буриев Неъматҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринрро хайрамақдам гуфт.
Ӯ дар суханронияш доир ба гузаронидани озмуни мазкур маълумоти муфассал дода аз он ҷумла қайд намуд. «…Озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ аз рӯи ҳар се номинатсия ташкил карда шуд, ки мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад».
Дар чорабинӣ як қатор роҳбарони вазорату идораҳо, кумитаҳо, муассисаҳои давлатӣ ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Дар асоси қарори Ҳакамони Озмун, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи китобдорӣ, китобдорон ва китобхонаҳо саросари кишвар аз рӯи номинатсияҳои «Китобдори сол» ва «Китобхонаи сол» бо «Дипломи махсус» сарфароз гардонида шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста