Рӯзи 9-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии мусаввараи «Боғи дӯстӣ» ба муносибати сафари нахустини давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон баргузор шуд. Муаллифи мусаввара рассом Фаридун Зода асарашро ба Китобхонаи миллии кишвар ҳадя намуд.
Мусаввараи «Боғи дӯстӣ» муддати қариб ним сол офарида шуда, дӯстии чандинсараи мардуми Тоҷикистону Чинро таҷассум менамояд.
Қобили зикр аст, ки баҳори соли 2006 дар наздикии шаҳри Пекин ба бунёди боғи зардолу аз 125 дарахти навъҳои «Мирсанҷалӣ» ва «Бобоӣ» асос гузошта шуд. Аз ҳамон замон дар мавсими ба гулкунӣ даромадани дарахтон дар фасли баҳор ҳамасола ҷашнвора гузаронида мешавад, ки дар муддати кӯтоҳе ба ҷашнвораи байнулмилалӣ табдил ёфт. Тобистон меҳмонон дар ҷамъоварии ҳосил дарахтони боғ иштирок мекунанд.
Фаридун Зода соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби махсуси назди академияи ба номи Суриков ва сипас худи академияро хатм намудааст. Айни замон ӯ дар шаҳри Линколн, иёлати Небраскаи ИМА иқомат дорад. Дорандаи ҷоизаҳои якчанд озмунҳои байнулмилалии рассомони касбӣ аст. Асарҳои рассом дар осорхонаҳои зиёди Русия, Чин, ИМА ва Аврупо ва маҷмӯаҳои шахсӣ маҳфузанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста