Рӯзи 9-уми октябр дар яке аз толорҳои маъруфи шаҳри Лондон – Кадоган Холл ба муносибати 450-солагии классики ҷаҳонӣ Уилям Шекспир консерт барпо шуд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Лондон хабар доданд, барномаи консерт аз асарҳои оҳангсозони машҳур Петр Чайковский - «Увертюра-фантазия Ромео ва Ҷулетта», Сергей Прокофев – «Ромео ва Джульетта», Юрий Тер Осипов – «Консерт барои скрипка ва оркестр», Арам Хачатурян – «Валси маскарад» иборат буд.
Дар барномаи консертии мазкур асарҳои мусиқии оҳангсози боистеъдоди тоҷик Толиб Шаҳидӣ, аз қабили романсҳои оркестр ва овозҳои сонетаи Шекспир «Devouring Time», порчаҳо аз балети «Рубоиҳои Хайём» ва ҳамчунин мусиқӣ аз операи «Комде ва Мадан», ки ба қалами оҳангсози тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ тааллуқ дорад, мақоми хоссаро касб намуданд.
Консерт бо дастгирии сафортаи Тоҷикистон дар Лондон доир гардида, миёни ҳаводорони мусиқии класссикӣ сафирони давлатҳои хориҷӣ, кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доштанд.
«Сафири Кувайт дар Лондон ҷаноби Холид ал-Дувайсан таваҷҷуҳи шахсиашро ба фарҳанг ва эҷодиёти мардуми Тоҷикистон махсус таъкид намуд. Ба гуфтаи сафир, ӯ боре аз Тоҷикистон боздид намуда, имкон доштааст, ки шахсан бо фарҳанги ғаниву таърихи куҳани тоҷикон аз наздик ошно гардад ва ба барномаи консертии мазкур ворид шудани асарҳои Зиёдулло ва Толиб Шаҳидӣ аз намунаи барҷастаи дастовардҳои намояндагони ҳунари мусиқии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад», - қайд мекунад сафорати ҶТ дар Лондон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста