Дар Душанбе Синамобазми шашуми байнулмилалии «Дидор» ба кор шурӯъ кард.
Ҷашнвора имрӯз дар Хонаи кино бо намоиши филми коргардон Сафарбек Солеҳ «Комил» шурӯъ шуда, сипас филми коргардони арманӣ Диана Карданян «Муколамаҳо» (Диалоги), филми анниматсионии коргардони тоҷик Б.Қаҳҳоров «Буд-набуд» ва филми коргардони Озарбойҷон Нонна Музаффарова-Хонлар-қизи «Алло, ин ман» (Алло, это я») ба маърази тамошо гузошта шуд.
Шоми имрӯз дар «Кохи Ҷомӣ» маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвора доир гардида, дар он филми коргардон Носир Саидов «Муаллим» намоиш дода мешавад.
Дар ҷашнвора синамогарони Арманистон, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Эрон иштирок мекунанд. Синамобазм то 20-уми октябр идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста