Рӯзи 24-уми октябр дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) бо танинандозии суруди Донишгоҳ маҳфили илмию адабӣ ба ифтихори 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, устод Фарзона барпо гардид.
Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ дар сомонаи расмии ин муассисаи таълимӣ, дар маҳфили устод Фарзона муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бо як гуруҳ адибони шинохта, Раиси дафтари фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд Масъуди Аҳмадванд, Ҳунарманди мардумии Иттифоқи Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мирсалим Ашӯров ва аҳли адабу фарҳанг, пайвандону шогирдони шоира қарор доштанд.
Ректори Донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов соҳибҷашнро табрик намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки Фарзона пас аз итмоми зинаи нахустини таҳсилот дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба ҳалқаи донишандӯзони факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба С.М.Киров, имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров пайвастанд. Муҳаббат ба илм, меҳри омӯхтану маърифати арзишҳои волои илму адаб Фарзонаро ба он водор кард, ки пайваста дар маҳфилҳои устодони хеш фаъолона ширкат намуда, аз наслу табори суханварону суханпардозон, олимону омӯзгорон буданашонро бори дигар собит намоянд.
Ҷумъабой Сангинов муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Аҳмадҷони Раҳматзод, Масъуди Аҳмадванд, Ҷӯрабек Муродов Ҳунарманди мардумии Иттифоқи Шӯравӣ, Ҷӯрабек Набиев Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Мирсалим Ашӯров Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дигарон устод Фарзонаро бо ҷашни нимасрашон табрик гуфтанд.
Ҳамчунин дар маҳфил ду ду маърӯза: «Устод Фарзона-шоири ғазалсарои тоҷик», аз ҷониби мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ва «Нодирагуфториҳои Фарзона» аз тарафи мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов ироа гардид. Сӯҳбати Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо аҳли маҳфил низ хеле гуворо буд. Донишҷӯён аз ашъори шоира ғазалҳо қироат намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, бо қарори раиси вилояти Суғд аз 20-уми октябри соли 2014, санаи 3-уми ноябр 50-солагии шоира Фарзона (Иноят Хоҷаева) расман ҷашн гирифта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста