Ба ифтихори ҷашни 100-умин солгарди зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози барҷастаи тоҷик, Ҳунарманди мардумӣ, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имруз дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ботантана ва консерт доир мегардад.
Тавре аз Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд, дар чорабиниҳои ҷашнӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков ширкат меварзад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаи ЮНЕСКО ҷашни 100-умин солгарди оҳансоз Зиёдулло Шаҳидӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Британия Кабир ва Фаронса низ таҷлил мегардад. Шомҳои ёдбуди оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ аллакай дар шаҳрҳои Маскаву Лондон баргузор шуданд.
Композитор Зиёдулло Шаҳидиро ба таври ҳаққонӣ яке аз асосгузорони санъати мусиқии касбии тоҷик метавон ном бурд. Вай дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ асарҳои профессионалӣ аз қабили суруд, романс, миниатураи инструменталӣ, асарҳои оркестрӣ ва хор, мусиқии театр ва синамо, симфония ва операро эҷод намуда, сарвари санъати иҷрокунандагӣ ва мураббии бисёр санъаткорони имрӯза шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он соҳиби обрӯю эътибор ва шӯҳрат гашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста