Раиси Кумита оид ба Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Гимни давлатии ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ чанде қабл барои тарғиби назми тоҷик дар хориҷа ва тарҷумаи асарҳои шоирони тоҷик ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин») ба шоири рус Михаил Синелников Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакиро тақдим намуд.
Дар маросими тақдими ҷоиза адибони шинохтаи тоҷик, кормандони ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат иштирок карданд.
Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим, М.Синелников асарҳои намояндагони барҷастаи назми форус тоҷик Абӯбабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Умари Хайём, Саноӣ, Низомӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Анварӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Биноӣ, Муҳаммад Иқбол, Лоҳутӣ ва дигаронро тарҷума кардааст.
«Ҳаводор ва дӯсти назми тоҷик хонандагони русзабони ҷаҳонро ҳамчунин бо асарҳои шоирони муосири тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саидалӣ Маъмур, Гулназар ва бисёре аз дигар шоирон низ шинос намуд», - қайд кард Н.Қосим.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста