Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни мутафаккири маъруфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб эмблема (нишона, рамз)-и расмии онро тасдиқ намуд.
Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи барномаи ташкили чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, 9 млн. 366,9 сомониро ташкил медиҳад.
Ба қавли ӯ, аз ин миқдор маблағ 7 млн. 320,5 ҳазор сомониро буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 млн. 805 ҳазор сомониро буҷети шаҳҳри Кӯлоб ҷудо карда, 241,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷалбшудаи соҳибкорони маҳаллӣ мебошад ва қисмати бештари воситаҳо – 5 млн. 850 ҳазор сомонӣ ба куллан азнавсозии боғи фарҳангу истироҳати шаҳр равона мегардад, ки дар он маҷмааи осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеъ аст.
«Бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО симпозиуми байнулмилалӣ доир гардида, як қатор китобҳо нашр мешаванд. Ҳамчунин намоишномаи Театри мусиқиву драмавии ба номи С.Вализода таҳия гардида, бахшида ба ҷашн боз як қатор чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд», - қайд кард Ғозиев ва илова намуд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 10-уми октябри соли 2014 дар Минск доир гардид, дар бораи дар соли 2015 амалисозии барномаи байниҳукуматии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар Русия ва Тоҷикистон ва мутаносибан пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон кардани шаҳрҳои Воронеж ва Кӯлоб дар соли 2015 қарор қабул шуд.
Ёдрас мекунем, ки Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб имрӯзҳо ба зиёратгоҳи аксари аҳолии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ мубаддал шудааст. Ин осорхона ёдгории таърихии асрҳои XIV-XVI маҳсуб меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста