Соли 2015-ро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли рушди фарҳанг эълон карда, дар ин замина яке аз аввалин қарори раиси вилоят дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Киностудияи «Суғд синамо» аз санаи 14-уми январи соли 2015 ба тавсиб расид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз тасвиби қарори мазкур рушду нумӯи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҷассум намудани филмномаҳои баландмазмун, пур намудани фазои холии синамои тоҷик ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон тариқи филмҳои хуб барои ҷаҳонинён мебошад.
Гуфта мешавад, чунин иқдом дар минтақаҳои кишвар бори аввалин дар вилояти Суғд амалӣ гардида, киностудия бо пешниҳоди як гурӯҳ филмофарони ҷавони боистеъдоди вилоят ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Зимнан зикр мегардад, ки КВД «Киностудияи «Суғд синамо» дар заминаи театри давлатии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолияташро ба роҳ монда, коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Ҷӯраев директори «Суғд синамо» таъин гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста