Дар толори кинотеатри «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт нахустнамоиши филми тоҷикии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» доир гардид.
Драмаи мусиқиву мазҳакавии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст. Коргардони филм Баҳром Сайфиддинов мебошад.
Дар маросими нахустнамоиши филм коргардон Баҳром Сайфиддинов ба сарпарастон - ширкати «Лото спорт» ва ҶДММ «Тоҷпронполимер» ва ҳамчунин барои кумак ба сокинони деҳаи Вешаб миннатдорӣ изҳор намуд.
Ӯ ҳамаи актёрон, оҳангсоз ва дигар шахсонеро, ки дар наворбардории филм саҳм гузоштанд, муаррифӣ намуд.
Нақшҳои асосӣ дар филми мазкурро Фарҳод Холҷонов (Ворис) ва Савлатмоҳ Ҳақназарова (Моҳпарӣ) бозида, ҳамчунин ҳунармандон Нурулло Абдуллоев, Ҷумъахон Сироҷов, Дилбар Умарова, Гулсара Абдуллоева, Амина Табарова, Фатҳулло Абдуллоев ва Карим Ғафуров низ дар ин филм нақш офаридаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста