Вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон Владимир Мединский ва Шамсиддин Орумбеков Барномаи байниидоравии ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Русия, Барнома дар доираи Машварати 12-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Тоҷикистон дар Русия низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, Мединский ва Орумбеков оид ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи фарҳангӣ миёни кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои ҳунарҳои тасвирӣ ва саҳнаофарӣ, мусиқӣ, сирк, табодули таҷрибаву мутахассисон дар соҳаҳои фарҳанг, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангии муштарак, такмили ихтисоси мутахассисони ин бахш бо истифода аз имконоти ҳарду ҷониб ва ғайра ба мувофиқа расидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки моҳи августи соли 2015 дар шаҳрҳои Маскаву Ярославл ва Калинингради Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста