Ҷашнвора - озмуни IV ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» аз 16-ум то 20-уми майи соли равон дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский доир гашта, ҳамарӯза ду намоиш соатҳои 10-и субҳ ва 18-и шом дар назар аст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кушодашавии ҷашнвораи мазкур рӯзи 16-ум доир гашта, дар он 7 гурӯҳ иштирок мекунад, ки як гурӯҳи он ғайриозмунӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ҷоизаҳо барои беҳтарин нақши лаҳзавӣ, коргардони беҳтарину намоиши беҳтарин то Шоҳҷоиза пешбинӣ шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки сарпарастони имсолаи ҷашнвора - озмун Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, ширкатҳои ватании «Баҳманруд», «Рухом» ва «Мария» мебошанд.
Ҳамкорӣ бо лоиҳаро Вазорати фарҳанг ва телевизиони «Сафина», ҳамчунин дастгирии иттилоотиро радиоҳои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва рӯзномаҳои ватанӣ ба уҳда гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки нахустин ҷашнвора - озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» соли 2012 дар Душанбе баргузор шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста