Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт маросими ифтитоҳи нахустин Фестивали рақси тангои аргентинагӣ бо иштироки меҳмони махсус - раққоси касбӣ ва хореограф Хюго Фернандес баргузор шуд.
Хюго Фернандес, директори мактаби рақси тангои аргентинагии «AlmadeTango» дар Брисбен (Австралия) буда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ватани танго - Аргентина низ оид ба ин навъи рақс семинару машғулиятҳо мегузаронад ва сокинони пойтахти Тоҷикистон бори нахуст имкон пайдо мекунанд, ки муддати се рӯз бо нозукиҳои ин рақс аз наздик ошно гарданд.
- Аз ташриф ба кишвари шумо хеле хушнудам. Тоҷикистониён мардуми хубу кушодачеҳра ва меҳмоннавозу зебоянд, ки дар хунашон истеъдодл раққосӣ ҷӯш мезанад ва ба ин ҳамагӣ каме ҳунару истеъдод ва сабру тоқат илова намудан зарур аст», - ибрози назар кард аз таассуроти сафари нахустин ба Тоҷикистон Хюго Фернандес.
Валентина Клименко, роҳбари студияи рақсҳои балли «Орхидея» ва яке аз дастандаркорони чорабинӣ иброз дошт, ки фестивали мазкур ба пешбурди фарҳанг ва писанди мардум гардидани рақси танго ба сифати тарзи ҳаёти солим ва воситаи фоидаовари гузаронидани вақтӣ холӣ ба тоҷикистониён муосидат мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи фестивал Хюго Фернандес бо толибагони студияи «Орхидея» якчанд рақси тангоро ба иҷро расонида, ҳамчунин раққосони студияи «New Era» низ ҳунарнамоӣ карданд. Дар идомаи маросим қисмати озоди рақс барои ҳамаи хоҳишмандони иҷрои рақси танго доир гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста