Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русизабони тоҷик таҳти унвони «Дастурхони зиндагии ман ҳоло ғундошта нашудааст» (Дастархан моей жизни еще не свернулся) рӯзи 23 май дар Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе доир мегардад.
Дар шаби эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ван, Хуршед Мустафоев ва ҳунармандони театр низ ширкат меварзанд.
Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.
Темур Зулфиқоров шоир, нависанда ва драматурги тоҷик аст, ки айни замон дар шаҳри Маскав кору эҷод мекунад. Дар Ғарб ӯро “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.
Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.
Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста