Дар Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҷалби намояндагони аҳли фарҳанги кишвар ва доираи васеи устодону донишандӯзони ин муассисаи таҳсилоти олӣ, бахшида ба 150-солагии адиб Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид.
Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар шарҳи ин хабар менависад, ҳозирин атрофи кору фаъолияти Нақибхон Туғрал маърӯзаҳои пурмӯҳтаво хонда, аз эҷодиёти ӯ намунаи ашъор қирот ва маънидод кардаанд.
Гуфта мешавад, аз ҷумла зикр гардидааст, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар таърихи адабиёти тоҷик бо эҷоди навоваронааш маъруф буда, ин навовариҳо ҳаводорону хонандагони ашъори ӯро бешумор кардааст. Ин ҷанбаҳои эҷодиёташ ашъори ӯро на танҳо то ба имрӯз, балки дар оянда низ ҷовидона нигоҳ медоранд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳамоиш инчунин аз саҳм ва фидокориҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик барои рушду устувории пояҳои адабиёт ёдоварӣ намуда, бо қироати порчаҳои шеърӣ моҳияти афкори ӯ ба ҳозирин шарҳ дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста