- Минбаъд меъёри асосии қабули аъзои нав ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон истеъдоду қобилияти довталаб хоҳад буд ва ба ин саф адибоне пазируфта хоҳанд шуд, ки аллакай дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи худро пайдо намудаанд, - иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Низом Қосим, шоири маъруфи тоҷик ва раиси тозаинтихоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
«Тибқи мушоҳидаҳои ман, солҳои ахир дар Тоҷикистон сафи адибон зиёду худи адабиёт кам шудааст», - қайд кард Н.Қосим.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷумани нависандагон ҳайати Раёсати Иттифоқи нависандагон интихоб гардид, ки адибони шинохтаи тоҷик ба он шомил шуданд. «Шоир Ато Мирхоҷа ва нависанда Юнус Юсуф муовинони ман интихоб шуда, имрӯз сардабирони нави нашрияҳои Ититфоқи нависандагон - Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», Ҷумъа Қуддус сардабири маҷаллаи «Помир» ва Мансур Сурӯш сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъин шуданд», - гуфт Н.Қосим.
Номбурда таъкид дошт, ки назди кормандони нашрияҳои Иттифоқ вазифа гузоштааст, ки ба таҷрибаи насли калонсол такя намуда, аз имконоти ҷавонон пурсамар истифода намоянд.
«Масалан, ман аз сардабири нави ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат дархост кардам, ки нашрияро аз маҷмӯи осори бадеӣ (алманах) ба газета табдил диҳад, ки натанҳо масоили бахши фарҳангу ҳунар, балки мушкилоти мардумро низ инъикос карда тавонад», - таъкид намуд шоир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста