Аз 11 то 16 августи соли 2015 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар - Москва ва Калининград баргузор мегарданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, барномаи ҳунарӣ бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯш аст, таҳия гардидааст. Ба барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдаров, овозхонҳо Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, гуруҳи рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ шомил гардидаанд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллии тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров, ки инъкосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Тибқи барномаи баргузорӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 12 августи соли 2015 дар Кохи «Филармония-2» - и шаҳри Москва дар назар аст. 13 августи дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” –и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гуруҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст.
Таърихи 13 август гуруҳи рақсии “Базморо” ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14 август барномаи ҷолибу рангиро ба сокинони ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия пешкаш менамоянд.
Ҳайатро муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Бунафша Одинаева сарварӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста