Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати крҳои хориҷии ҶТ, ташаббуси мазкур аз ҷониби вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздид аз Осорхонаи Британия, ки моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир сурат гирифт, пешниҳод гардида буд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон пас аз сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуда, зимни боздид аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” боздид ва доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон маълумотҳои муҳим ҷамъ оварданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин иқдом баҳри барқарор намудани ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста