Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ як гуруҳи филмбардоронро, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, Аҳтам Абдуллозода,ба меҳмонон роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, қайд кардааст Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аллакай эътироф гардидааст ва аз ин рӯ, аз гуруҳи филмбардорон даъват карда шуд, ки тавассути хатсайри омодагардида аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли Қалъаи Ҳисор, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, водии Зарафшон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чашмаҳои шифобахш боздид кунанд.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки барои ошноии бештар аз фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, суруду мусиқиҳои классикию халқӣ, гуруҳи филмбардорон дар барномаҳои фарҳангӣ, ки дар Боғи Ирам доир мегардад, ширкта варзанд.
Дар навбати худ гуруҳи филмбардорон аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Алӣ Асалум, ки ҳамзамон роҳбарии ширкати телевизиони “Акс Алӣ”-ро ба дӯш дорад, аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон барои онҳо хеле муҳим аст, зеро қабл аз омадан Тоҷикистонро дӯст медоштаанд.
Алӣ Асалум мақсад аз сафари худ ба Тоҷикистонро шиносоии наздик бо фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва санъати тоҷикон арзёбӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки гуруҳи филмбардорони арабӣ дар бештар аз 77 давлати дунё сафар карда, роҷеъ ба соҳаи сайёҳӣ ва анъанаву фарҳанги милии онҳо филмҳои гуногун таҳия кардаанд.
Дар доираи ин сафар ин гуруҳ тасмим гирифтанд, ки роҷеъ ба фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон филме омода намоянд. Филми мазкур дар шабкаи телевизионии “Акс Алӣ”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар бештар аз 20 давлати дунё тамошобин дорад, пахш карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста