Шаҳраки донишҷуёнро, ки дар миёни маҳаллаҳои 19-уму бистум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бунёди боз як иншооти таърихию фарҳангии меъморӣ ҳусну таровати бештар хоҳад бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо иқдоми роҳбарияти вилоят дар ин макон маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Маҷмаа аз пайкараи Темурмалик бо кишти, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад.
Рӯзи 4 ноябр раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мавзеи иншооти оянда боздид намуда, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва баррасии ҷузъиёти лоиҳа аз наздик шинос шуданд.
Роҳбари вилоят ба масъулини сохтмон, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур дод, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб ибратбахши насли ҷавон бошаду барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста