Гурӯҳи эҷодии "Суғд Синамо" дар Хуҷанд дар бораи шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона филми мустанадеро ба навор гирифтааст, ки феълан дар дасти бандубаст қарор дорад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , “Духтари Сайҳун” филмест роҷеъ ба Фарзона, шоираи маъруф ва аз пуркортарин адибони муқими шаҳри Хуҷанд. Созандагони ин филми мустанади 40-дақиқаӣ бо номи “Духтари Сайҳун” талош кардаанд чеҳраи Фарзонаи шоирро ба дӯстдорони шеъру адаби тоҷик муаррифӣ кунанд.
Далери Имомалӣ, ҳунарвар ва рӯзноманигори тоҷик муаллифи филмнома буда, ӯро дар ин амр Муҳиддини Музаффар, раҳбари студияи “Суғд Синамо” ҳамдастӣ кардааст. Далери Имомалӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба сохтани ин филм бо омодагии тӯлонӣ, баъди ҳудуди 6 моҳи ошноӣ бо шахсият, ашъор ва зиндагии Фарзона даст задаанд.
Фарзона дар филм чанд шеъри худ, аз ҷумла дар бораи рӯди Сайҳун, ки номи қадимии Сир аст, шеъри дӯстдоштаашро, ки дар танҳоӣ барои худ мехонад, қироат мекунад ва ба саволҳое ҳам посух мегӯяд. Масалан, дар бораи он ки дар зиндагӣ кӣ барояш аз ҳама азиз аст ва аз чӣ метарсад.
Дилошӯби Орифпур, продюсери филми “Духтари Сайҳун” изҳор доштааст, ки дар ин филм адибон ва ҳунарварони маъруфи тоҷик, мисли Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва Барзуи Абдураззоқ ва бархе адабиётшиносон ва шарқшиносони хориҷӣ шеър ва чеҳраи ҳунарии Фарзонаро муаррифӣ мекунанд.
Дилошӯби Орифпур зикр кардааст, ки ин нахустин таҷрибаи гурӯҳи эҷодии “Суғд Студия” ба таври дастҷамъона сохтани филми мустанад дар бораи як чеҳраи адаб ва шеъри тоҷик аст.
Маълумоти муфассал дар бораи ин филмро ҳамчунин аз сомонаҳои хабаргузориҳои Tojnews ва faraj.tj низ дарёфт карда метавонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста