Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ изҳор намуд, ки барои пешгирии афзоиши зуҳуроти тундгароӣ дар ҷомеа баланд бароштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолӣ зарур аст.
«Агар шумо огаҳ бошед, шумори масҷидҳо дар Тоҷикистон аз мактабҳо хеле зиёдтар аст. Хушбахтона, ахиран бо кӯшишҳои аҳолӣ ва ҳукумати кишвар иншооте, ки қаблан ба сифати масҷид амал мекарданд, боз ба хизмати фарҳанг баргардонида шуданд», - қайд кард вазир.
Дар ин робита ӯ мисол овард, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 8 масҷид акнун ба сифати иншооти фарҳангӣ истифода мешаванд.
«Барои бо падидаҳои баде чун терроризму ифротгароӣ дучор нагардидани кишвари мо, мо бояд рӯйи баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолиамон кор кунем. Масалан, агар ба ноҳияи Мастчоҳ равед, он ҷо барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҷойе нест. Аз ин рӯ ба туфайли талошҳои Пешвои миллат дар ҳар як ноҳия Қасри фарҳанг сохта шуд. Ба гунаи мисол боз метавон гуфт, ки дар як кӯчаи ноҳияи Ҳисор ҳам китобхонаву осорхона ва ҳам қасри фарҳанг мавҷуд аст, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст», - қайд кард вазир.
Ӯ зикр кард, ки барои шиносоӣ ва огаҳии аҳолӣ аз исломи ҳақиқӣ, кормандони соҳаи фарҳанг вз тамоми воситаву имконот, аз ҷумла асарҳо рӯйи саҳнаи театр низ ҳамаҷониба истифода мекунанд.
Ба қавли вазир, дар Тоҷикистон асосан мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилияи ислом роиҷ аст. «Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он озодии мазҳабии ҳамаи равияҳои динӣ таъмин мешаванд. Масалан, чанде қабл ба мо аз пайравони йога, равияи ҳиндӣ дархост расид. Вазорати корҳои хориҷӣ барои бақайдгирии онҳо иҷоза дод», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста