Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, шоирону нависандагон, кормандони илмӣ, аспирантҳо ва магистрҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шаби эҷодии шеър баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба иди Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ табрику шодбош намуд.
Дар шабнишинӣ шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, нависанда Алӣ Деҳбошӣ (Эрон), доктори илмҳои филология, профессор Замир Саъдуллозода (Хитой), адибону олимон ва шоирону нависандагон аз кишварҳои хориҷӣ, раиси ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур ва дигарон ширкат доштанд.
Шоири шинохта Аскар Ҳаким риштаи суханро ба даст гирифта, Алӣ Деҳбоширо барои ташриф овардан ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта, ҳозиринро бо хотираҳои худ аз фаъолияти Алӣ Деҳбошӣ ошно намуд.
Алӣ Деҳбошӣ аз фаъолияти маҷаллаи “Бухоро”, ки тули солҳо нашр мегардад гузориш дода, иброз намуд, ки ин маҷалла мақола ва осори фарҳангиро чоп мекунад ва хизматҳои намоёне дар равобити фарҳангӣ гузоштааст.
Шарифи Ҳамдампур дар ин маҳфил изҳор намуд, ки маҷаллаи "Бухоро" рамзан ин номро гирифта, мақолаҳои донишмандонро аз тамоми гӯшаву канори олам нашр мекунад. Ӯ гуфт, ки маҷаллаи мазкур аз бахшҳои зиёд иборат буда, як бахши вижаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст, ки мақола ва осори ҳунарии донишмандони тоҷик дар ин бахш нашр мешавад.
Дар шабнишинӣ филм дар бораи фаъолияти нависанда Алӣ Деҳбошӣ нишон дода шуд.
Бояд гуфт, ки Алӣ Деҳбошӣ, раҳбари маҷаллаи "Бухоро" ба ҳайси меҳмони расмӣ барои баргузории шаби эҷодии шоирони ҳавзаи Наврӯз ва маросими ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста