Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегардад, ки то 26 апрел идома меёбад.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати аҳли фарҳанги Ҳиндустон аз 40 нафар мусиқачиёну ҳунармандони театр иборат аст.
Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони Ҳиндустон аз марказҳои фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно мешаванд.
Рӯзи 21 апрел сафари меҳмонон ба Ҳисор ва консерти онҳо барои аҳолии ин ноҳия, 22 апрел - боздид аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон, 23 апрел - боздид аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва 24 апрел - сафар ба шаҳри Норак дар назар буда, меҳмонон ба аҳолӣ ва донишҷӯёну омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ барномаи консертии худро намоиш медиҳанд.
Барномаи консертии хотимавӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ шоми рӯзи 25 апрел баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон ҷараён дорад, ки то 24 апрел идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста