Вазорати фарҳанги Тоҷикистон изҳор медорад, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба макони нав - кинотеатри «Тоҷикистон» кӯчонида мешавад.

Дар изҳороти худ Вазорати фарҳанг далел меорад, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

«Доир ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои дахлдор супоришҳои мушаххас гирифтанд ва дар муҳлати кутоҳтарин чораҷӯӣ карда мешаванд. Дар ин замина вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқатсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими утоқҳои корӣ аллакай оғоз гардид», - қайд мешавад дар изҳорот.

Дар ин робита, қайд мекунад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳангомаҳое, ки дар баъзе сомонаҳо интишор гардидаанд, ягон асосӣ воқеӣ надошта, фаъолияти театри русӣ дар пойтахти кишвар дар ҷои нав идома меёбад.

Ҳамчунин далели дигар оварда мешавад, ки тибқи нақшаи бозсозии маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи умумии рушди Душанбе, тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, бунёди иморатҳои муосир пешбинӣ шудааст.

«Пойтахти кишвар рӯз ба рӯз симояшро тағйир дода, дар он биноҳои муосир қад меафзоянд ва ба ҳусни табиии он ҳусни тоза зам мекунанд. Дар баробари ин бисёре аз иншоотҳои кӯҳна, ки ба меъмории имрӯза комилан мувофиқ нестанд, аз байн бардошта мешавад. Тибқи лоиҳаи генералӣ  дар маркази шаҳр бунёди биноҳои маъмурии муосир пешбинӣ гардидааст. Дар ин раванд зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский низ ба миён омадааст», - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати фарҳанг.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар робита ба кӯчонидани бинои ягона театри русӣ дар пойтахт, чанде аз сокинон ва кормандони эҷодии театр ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, аз ҷумла дар муроҷиати гурӯҳи ҳунармандони театр зикр гардида буд, ки бо ин амал театр ба марг маҳкум мешавад, зеро кӯчидан ба кинотеатри «Тоҷикистон», ба як канораи шаҳр ба марги театр баробар аст.