Дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди Мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо 5-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии “Нигоҳи нав” ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ҷашнвора аз 16 то 20-уми май идома ёфта, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 намоиш ва дарсҳои устод-шогирдӣ манзури тамошобин хоҳад гашт.
Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора ҳунармандони 7 театр - 4 театри Тоҷикистон, ки қаблан ба Шоҳҷоизаи ин ҷашнвора мушарраф гардида буданд иштирок карда, ҳамчунин ба сифати меҳмонон театрҳои кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ даъват шудаанд.
Ёдрас мешавад, ки ҷашнвора - озмуни «Нигоҳи нав» соли 2012 аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди шӯъбаи актёрӣ ва коргардонии ДДСТ ба номи М. Турсунзода Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умарӣ ташкил гардида, ҳамасола дар моҳҳои апрел - май баргузор мегардад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷашнвора - озмун дарёфти нигоҳи нав дар театри тоҷик ва сарҷамъ кардану кашфи истеъдодҳо дар ин соҳа дониста шудааст.
Қобили зикр аст, ки дастгирии иттилоотии ин чорабиниро радиои «Ховар», «Ватан», «Имрӯз» ва ҳамчунин васоити ахбори умуми чопиву электронии ватанӣ таъмин мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста