Ҳунарманди Голливуд, дорандаи ҷоизаи маъруфтарини «Оскар» дар соҳаи кино Леонардо Ди Каприо метавонад дар нақши шоири сӯфӣ Ҷалолиддини Румӣ дар филм ҳунарнамоӣ кунад.
Нашрияи The Guardian, дар ин робита менависад, аз рӯи ҳолнома (биография)-и шоир наворбардории филм ба нақша гирифта шуда, ба андешаи муаллифон, он бояд ба харобсозии андешаҳои қолабӣ дар бораи мусалмонон, ки имрӯз дар кинематография ва матбуоти муосир роиҷ аст, кумак кунад.
Ба ақидаи сенариянависи филм Дэвид Франзони, тақдири Ҷалолиддини Румӣ дар аксар маврид ба тақдири Шекспир шабоҳат дорад. «Ин шоири мусалмон аз қобилияи фавқулода бархӯрдор буд», - қайд кардааст ӯ.
Гуфта мешавад, масъулони филмбардорӣ аллакай ба аёдати оромгоҳи шоир ба Истамбул рафта, бо муаррихон ва ҳолноманависони Ҷалолиддини Румӣ суҳбатҳо кардаанд. «Филм шавқангез ва шояд мушкил шавад. Аммо ин ҳам хуб аст, зеро эҷодиёти шоир дар ИМА хеле маъруфу писандида мебошад», - гуфтааст сенариянавис.
Қобили зикр аст, ки оғози наворбардории филм соли 2017 дар назар буда, ба сифати номзади асосӣ дар нақши шоир актёри маъруф Леонардо Ди Каприо баррасӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста