Душанбе. 30-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Аз рӯи натиҷаҳои Конфронси байнулмилалии коҳиши офатҳои табии марбут ба об рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Эъломияи Душанбе ба тасвиб расид.
Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки офатҳои табиии марбут ба об барои рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Ба ин хотир, бо ҷалби мақомоти дахлдор дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ густаришу таҳкими ҳамкориҳо баҳри ҳалли масоили вобастаи об, тағйири иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти иҷтимоии дигар зарур аст.
«Мо - иштирокчиёни конфронс изҳор месозем, ки айни замон офатҳои табиии марбут ба об чун селу обхезӣ ва ғайра боиси ҳалокати ҳазорон нафар мегарданд», - гуфта мешавад дар эъломия.
Иштирокчиёни конфронс ташаббусҳои Тоҷикистонро бобати ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ташкили чорабинии вижа дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи ҳалли мушкилоти офатҳои табиии марбут ба об дастгирӣ намуданд. Инчунин барпо кардани Консорсиуми байнулмилалӣ оид ба ҷилавгирии хавфи кӯли Сарез низ дастгирӣ ёфт.
Илова бар ин, дар конфронс ҷиҳати таҳияи нақшаи истифодаи захоири об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, назардошти манфиатҳои ҷонибҳо, тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зист тавсияву пешниҳодот қабул гардиданд.
Дар ҳуҷҷат пешбинӣ гардидааст, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои панҷсолаи Даҳаи амалиёти «Об барои ҳаёт» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.
«Ҳуҷҷати мазкур ҷиҳати омӯзишу таҳқиқ ба мақомоти дахлдори созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод хоҳад гардид», - оварда шудааст дар эъломия.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста