Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар муаррифиномаи гузориши «Таҳқиқот оид ба харидуфурӯши кӯдакон» профессор, доктори улуми фалсафа ва иштирокчии фаъоли ин таҳқиқот Абдулвоҳид Шамолов изҳор дошт, ки дар ҷаҳон аз харидуфурӯши инсон фоидаи зиёд ба даст меоранд ва мувофиқи маълумоти СММ, даромади солонаи он аз 7 то 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Иштирокчии дигари таҳқиқот Зӯҳро Мадаминҷонова зикр кард, ки аксаран занони танҳомонда ба иллати қашшоқӣ ба ин амал даст мезананд. «Зимни таҳқиқот дар вилоёти Суғду Хатлон ҳодисаҳои аз ночорӣ ба маблағи $100 фурӯхтани кӯдакон аз ҷониби модарони бесробонмондаашон ба қайд гирифта шуда, аксари
духтарони ҷабрдида аз харидуфурӯши инсон дар Афғонистон қарор доранд, - гуфт ӯ. - Чанде аз онҳоро муяссар шуд ба ватан баргардонем, вале духтароне низ буданд, ки аз баргаштан ба ватан рӯ тофтанд, зеро дар он ҷо зани дуввум ё саввуми қочоқчиёни маводи мухаддир гашта, аллакай соҳиби фарзанд гаштааанд ва акнун аз ба ватан баргаштан шармашон меояд», - гуфт ӯ.
Дар идомаи шарҳи мавзӯъ А.Шамолов иброз дошт, ки дар маҳалҳо аксари мансабдорони слоҳиятдор аз пешниҳоди маълумот дар ин бора саркашӣ кардаанд. «Дар Тоҷикистон чунин таҳқиқот бори нахуст гузаронида шуд ва моро лозим омад бисёр мушкилотеро паси сар намоем», - гуфт ӯ.
Таҳқиқоти мазкур бо дастгирии Бунёди кӯдакони СММ ва Созмони байнулмилалии меҳнат аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар таҳқиқот ба ҷуз маълумоти асосӣ дар ин мавзӯъ, инчунин тавсияҳои роҳу воситаҳои пешгирии ин падида низ пешниҳод гардидаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста