Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 27-уми март бар асари сӯхтор дар манзили беруназшаҳрии худ дар вилояти Маскави Русия яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак Георгий Тихонов дар синни 75-солагӣ ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, дар хонаи фавтида дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сими барқӣ оташ гирифта, сипас тамоми хонаро сӯхтор фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, фавтида кӯшидааст, оташро хомӯш созад, вале ин ба ӯ муяссар нагаштааст. То ҳанӯз дигар сабабҳои фавти Г.Тихонов маълум нест.
Иқтисодчии шинохтаи Тоҷикистон Георгий Кошлаков мегӯяд, саҳми Георгий Тихонов дар рушди бахши энергетикаи ҷумҳурӣ хеле бузург аст. «Солҳои 60-уми қарни гузашта ӯ роҳбарии «Норакгидрострой»-ро ба ӯҳда дошта, ҳамчун пудратчии иншоот фаъолият дошт ва таҳти сарварии ӯ дар корхонаи алюминии тоҷик корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуда буданд», - изҳор дошт ӯ.
Имрӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикону хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста