Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон семинари нахустини дурӯзаи ҷомеаи шаҳрвандиро доир месозанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои омодагӣ ба семианр дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ сурат гирфтанд. Дар семинар баррасии мавзӯи «Ҳуқуқ ба баррасии одилонаи додгоҳӣ ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ» дар маркази тавҷҷӯҳ қарор мегирад. «Семинари мазкур ба муколамаи расмӣ оид ба ҳуқуқи иносн миёни ИА ва Тоҷикистон, ки ҷаласаи аввали он моҳи октябри соли 2008 доир гардида буд, илова гардида ин маротиба ҷонибҳо аҳамияти муколамаи ошкор, созанда ва ба ноил гардидан ба натиҷа оид ба ҳуқуқи инсонро таъкид сохтанд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори семинар додрасон, олимон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз Тоҷикистон ва 12 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.
Қобили зикр аст, ки Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба таҳкими робитаҳо миёни ИА ва шариконаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарнида шуда, дар чаҳорчӯбаи стратегияи мусоидат маблағи ҷудонамудаи ИА ба минтақа то 750 млн. Евро барои солҳои 2007-2013 афзуда шуда, Тоҷикистон қисмати қобили мулоҳиза аз ин маблағро (66 млн. Евро барои давраи солҳои 2007-2010) дастрас хоҳад кард. Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо баҳри мусоидат ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 500 млн. Евро маблағ ҷудо кард.



Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста