Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) оид ба беҳбуди сатҳи дастрасӣ ба маблағгузории фермерони пахтакор
дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон (
STCLP
) барои 39 нафар занони минтақаи ҷануби Тоҷикистон (ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ), ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули коранд, тренинги якрӯза доир сохт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории дар Душанбе воқеъбудаи
IFC
иттилоъ доданд, дар ҷараёни тренинг коршиносони корпоратсия ба занон оид ба масоили фароҳам сохтани шароити нигоҳубини кӯдакон дар саҳро, қобилияти расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, тарзҳои риояи талаботи санитариву гигиенӣ ва барои саломатӣ бехатар нигоҳ доштани маводи ғизоӣ бо хароҷоти ночиз машғулиятҳо гузарониданд. «Тарзу усулҳое, ки мо пешниҳод мекунем, хароҷоти зиёд талаб намекунанд ва истифодаи онҳо ба сатҳи зиндагии ҳазорон оила беҳбудӣ хоҳад бахшид», - изҳор дошт коршинос оид ба масоили гендерии лоиҳа Муҳайё Носирова.
Тренери иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» Қурбонгул Зубайдова, ба занон тарзҳои дифоъ аз ҳуқуқи худ натанҳо нисбат ба зӯроварӣ дар оила, балки дар ҷойи корро низ муфассал шарҳ дод.
Тибқи маълумоти
IFC
, бинобар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани аксари мардон, айни замон аз 70 то 90дарсади қувваи кории боқимонда дар Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва аксари занон аз дониши кофӣ дар масъалаи риояи талаботи гигиенаву санитария ва баробарҳуқуқии гендерӣ бархӯрдор нестанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста