Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дастовард ва камбудиҳои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» семинари дурӯза ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ВКХ ҶТ, дафтари Комиссари Олии СММ оид ба риояи ҳуқуқи инсон, Дафтари риояи ҳуқуқи инсон ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Дания созмон дода шудааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок дар кори семинар намояндагони як қатор сохторҳои давлатии марказиву маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятии машғул ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон даъват шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар чунин ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили масоили озодии эътиқод, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, гурезагон ва аққалиятҳои миллӣ ба моликият, ҳуқуқ ба мурофиаи адолатноки судӣ, ҳуқуқҳои экологӣ, ислоҳоти низоми ҳуқуқ ва адлия, таъмини баргузории интихоботи озод ва шаффоф, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Зикр гардид, ки ин семинар марҳилаи омодагӣ барои иштирок дар
Машварати иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи баҳодиҳӣ ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 28-уми сентябр то 9-уми октябр дар шаҳри Варшава баргузор мешавад ва дар кори ин семинар бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ ҳайати ҷумҳурӣ низ ширкат хоҳад варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста