Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ маҳбусони Гуантанамо аз Тоҷикистон ҳам ба афв ҳуқуқ доранд, - гуфта мешавад дар нома-изҳороти созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Хюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар нома дар бораи 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Рӯҳниддин Шарофов ва Абдумуқит Воҳидов сухан меравад. Бино ба маълумоти Human Rights Watch, Шарофов ва Воҳидов дар мурофиаҳои маъмурӣ дар Гуантанамо гуфтаанд, ки онҳоро тариқи зӯрӣ ба Афғонистон бурдаанд ва сипас онҳо ба ватан баргашта натавонистаанд, зеро барои ин ҳуҷҷати зарурӣ надоштаанд. Баъди чанде, соли 2011 онҳо аз ҷониби қумондонҳои саҳрои Афғонистон ба агентҳои амрикоӣ фурӯхта шудаанд.
Чуноне ки дар нома зикр мегардад, пас аз бозгашт ба ватан онҳоро ба 17 соли зиндон маҳкум карданд, ки 4 соли онро онҳо аллакай паси сар кардаанд. Human Rights Watch бар асоси таҳлили парвандаҳои ҷиноии Шарофов ва Воҳидов чунин мешуморад, ки ба онҳо ҳуқуқҳои эътирофшудаи мурофиавӣ таъмин нагардидааст.
«На ҳукуматдлрони ИМА ва на айбдоркунандаи давлатӣ дар Тоҷикистон мустақиман даст доштани Шарофов ва Воҳидов ба содир намудани амали террористӣ ва зӯровариро пешниҳод карда натавонистанд», - омадааст дар нома.
«Умедворем, ки қонуни мавриди таҳия қароргирифта дар бораи афв собиқ зиндониёни Гуантанаморо низ ба эътибор хоҳад гирифт ва асноди парвандаҳои ҷиноии онҳо мавриди баррасии ҷиддии мақомот хоҳад шуд», - зикр мегардад дар изҳороти созмони байнулмилалӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста