Аз 26-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар Варшава Машварати САҲА од ба рушди инсонӣ доир гардид. Чорабинии иловагиро Институти «Ҷомеаи кушода» - Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва эътилофи мубориза алайҳи шиканҷа дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон созмон доданд.
Дар машварати мазкур зикр гардид, ки камбуди иродаи сиёсӣ, мавҷуд набудани ҳодисаҳои тафтишоти истифодаи шиканҷа ва шароити будубоши маҳбусон дар муассисаҳои пӯшида, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, аз мушкилоти умумии ҳукуматҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа дар бораи вазъ, мушкилот ва дастовардҳои Эътилофи мубориза бар зидди шиканҷа дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин тавсияҳои эътилоф ба кишварҳои узви САҲА, ниҳодҳои САҲА ва созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод гардиданд.
Гузориши Тоҷикистонро дар ин хусус муовини директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Абдураҳмон Шарифов муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта вазъи марбут ба ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва кирдори бераҳмона яке аз мавзӯъҳои муҳим дар Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2011 эътилофи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва давокатҳои амалкунанда кӯшишҳо дар самти мубориза бо шиканҷаро муттаҳид намуданд. Стратегияи ТҒД оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таҳия гардид.
«Дар Тоҷикистон то ҳанӯз барои истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшуда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо моддаҳои марбут ба ҷиноятҳои мансабӣ (баромадан аз ҳадди ваколат, суистеъмол, хунукназарӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «Дар ҳолатҳои марбут ба истифода шиканҷа, ки шахсони мансабдор мушаххасан зикр мегарданд, онҳо натанҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, балки ба мансаби болотар таъин карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Шарифов гуфт, дар ҳолатҳои инъикоси мушкилоти истифодаи шиканҷа дар ВАО, шахсони мансабдор ё мақомоти марбута аз болои онҳо ба додгоҳ шикоят мебаранд ва дар ҳаҷми зиёд ҷубронпулӣ талаб мекунанд. «Аз ҷумла, сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ барои интишори гӯё маводи тӯҳматомез аз ҳафтавори «Азия-Плюс» ба миқдори 1 млн. сомонӣ (ҳудуди 225 ҳазор $) ҷубронпулӣ талаб кард», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон то ҳол мақомоти мустақили тафтиши маълумот дар бораи шиканҷа таъсис дода нашуда, тартиб ва механизмҳои тафтишоти пурсамари шикоятҳо дар бораи шиканҷа таҳия нагардидаанд.
«Мутобиқи тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, низоми маҳбас аз тобеъияти ВКД бароварда шуда, ба Вазорати адлия гузаронида шуд. Боздоштгоҳҳои муваққатӣ низ ба мақомоти адлия тобеъ шуданд, - зикр кард Шарифов. – Аммо боздоштгоҳҳои пешакии КДАМ то ҳанӯз зери тобеъияти мақомоти адлия нестанд ва ба ақидаи адвокатҳо, маҳз дар ҳамин боздоштгоҳҳо шиканҷа бештар истифода мешавад».
Номбурда ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон то ҳол ниҳоди ташхиси мустақили тиббӣ вуҷуд надорад, ҷабрдидагон аз шиканҷа саривақт кӯмаки тиббӣ ва равонӣ гирифта наметавонанд, дар қонунгузорӣ тартиби пардохти ҷубронпулӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа пешбинӣ нашудааст. «Ҳолатҳои марги марги афрод дар муассисаҳои ислоҳӣ нигаронкунанда аст. Ин маълумот «махфӣ» буда, дар бораи шумори ҳалокшудагон дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳотӣ маълумот дода намешавад», - афзуд А.Шарифов.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста