Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ба Аморати Муттаҳидаи Араб фурӯхтани занони тоҷик бо мақсади истеъмори шаҳвонӣ 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.
Дар ин хусус зимни баргузории семинар таҳти унвони «Стратегияи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ» дар шаҳри Кӯлоб сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ полковник Ҷумъахон Каримов маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи гумонбаршудагон дар хариду фурӯши одамон боздошт ва ҷабрдидагон озод карда шудаанд.
«Дар ҳар ҳодиса 2-3 нафар ҷабрдида ҳузур дошта, аз як ҳодиса танҳо дар марҳилаи хотимавии аз қаламрави кишвар ба фоҳишахонаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб бурдани ду гурӯҳи шаҳрвандони кишвар пешгирӣ карда шуд», - гуфт ӯ.
Семинари мазкур барои намояндагони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб созмон дода шуда, бевосита бо иштироки намояндагони созмондиҳандаи конфронс – Маркази миллии мубориза бо хариду фурӯши одамон, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират доир шуда истодааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста