Дар шаҳри Маскав миёни Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур омбудсменҳои Тоҷикистону Русия Зариф Ализода ва Владимир Лукин имзо гузоштанд.
Дар иттилоияи интишоршуда дар робита ба ин масъала, гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия вохӯрии Зариф Ализода бо дипломатҳои тоҷик, кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва ҳамчунин намояндагони диаспораҳои тоҷик баргузор шуд.
Дар ҷараёни сафар ба Русия Ализода ҳамчунин бо гурӯҳи ҳамватаноне, ки муваққатан дар Русия кору зиндагӣ доранд, мулоқот орост. Зимни мулоқот муҳоҷирони кории тоҷик ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар бораи мушкилоту душвориҳои мавҷудаи худ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин дар бораи роҳандозии ҳамкории мутақобилаи зич бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Русия ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони корӣ пешниҳодҳо карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста