Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, ба туфайли мусоидати сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазо генерал Иззатулло Шарифов ба ӯ муяссар шудааст, ки бо маҳбус Садриддин Тошев вохӯрад.
«Ӯ ҳақиқатан ҳам муддати ин рӯзҳо (як ҳафта) гуруснанишинӣ кардааст, вале ман ӯро водор сохтам, ки аз гуруснанишинӣ даст кашад. Ман аз ӯ пурсидам, ки дар тамоми ин муддате, ки ту гуруснанишнинӣ кардӣ, наздат ягон намояндаи созмонҳои байнулмилалӣ ё сохторҳои расмӣ омаданд? Ӯ посухи рад дод. Аз ин рӯ, ман аз ӯ дархост кардам, ки дигар ба саломатии худаш зарар наорад», - гуфт ӯ.
Номбурда мегӯяд, ба маҳбус гуфтааст, ки акнун аз қазияи ту ҳама огаҳанд, ВАО мудом онро инъикос мекунанд ва ба ӯ дигар гуруснанишинӣ зарурат надорад, то ки шикояти ӯро бишнаванд. «Қабл аз рафтани ман мо ҳамроҳ чой нӯшидем», - афзуд О.Бобоназарова.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтае пеш маҳбус Садриддин Тошев бештар маъруф ҳамчун Қорӣ Садриддин , ки даҳ сол қабл ба муддати 25 соли зиндон маҳкум шудааст, дар робита ба масъалаи мавриди афв қарор нагирифтан гуруснанишинӣ эълон кард.
Дар номаи худ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли кишвар Шерхон Салимзода, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Комиссариати СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва як қатор созмонҳои байнулмилаливу ВАО Садриддин Тошев аз ҷумла изҳор карда буд, ки «гап сари он аст, ки мутобиқи Қонун «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2001, мӯҳлати ҷазои ман бояд кам карда шавад ва мувофиқи талаботи моддаи 10-и Қонун «Дар бораи афв» аз 20-уми августи соли 2011 ман бояд озод кард шавам, вале то ҳанӯз ин амал сурат нагирифтааст. Ин қонунҳо нисбат садҳо маҳкумшудагон, ки мутобиқи моддаҳои вазнин маҳкум шудаанд, истифода шуданд ва онҳо аллакай дар озодианд, вале нисбат ба ман ин қонунҳо татбиқ нашуданд».
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 2-юми сентябр додситони кулли ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии махсус ному фамилияи шахсонеро, ки ҳамчун иштирокчиёни ошӯбҳои солҳои 1997-1998 мавриди афв қарор мегиранд, номбар кард ва он ҷо номи Садридддин Тошев ҳам ҳузур дошт.
Ба қавли Бузаргмеҳр Ёров, адвокати С.Тошев, сарфи назар аз ҳуқуқи озодӣ доштани зерҳимояи ӯ, додситонии кулл то ҳанӯз ин масъаларо ҳал накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста